Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане
  • Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон

  • Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон

    Дар бораи лоиҳа

    Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон (TIPDIS) системаи рақамӣ мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, коркард, таҳияи ҳисобот дар бораи вазъи такмили ихтисос, муайян кардани эҳтиёҷот ба он аз ҷониби Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф пешбинӣ шудааст. Система маълумотро дар бораи такмили ихтисоси омӯзгорон, аз ҷумла муддати омӯзиш, мавзӯъҳои такмили ихтисос, масъалаҳо ва малакаҳое, ки муаллимон мехоҳанд аз худ кунанд, пешкаш мекунад. Ҳаҷми салоҳиятнокии омӯзгорон бевосита дар раванди дарсҳо, саволномаҳо ва воситаҳои худбаҳодиҳӣ, инчунин ҷанбаҳои дигар ҷамъоварӣ ва таҳлил карда мешавад.

    Система аз истифодабарандагони зерин иборат аст:

    1. Администратори система;
    2. Истифодабаранда Директори мактаб
    3. Истифодабаранда Муаллим — веб версия ва барномаи мобилӣ;
    4. Истифодабаранда Ментор — веб версия ва барномаи мобилӣ;

    Дар система автоматӣ карда шуд:

    • Саҳифаи асосӣ — омори маълумоти тамоми система;
    • Каталог — рӯйхати ҳамаи мактабхои республика;
    • Санҷиши ташхисӣ — санҷиш барои муайян кардани сатҳи дониш;
    • Курсҳо — рӯйхати онлайн курсҳо бо видеоконтент ва аудиоконтент;- Таҳлил — ҳисоботҳои муфассал дар шакли графикҳо ва панелҳои идоракунӣ;
    • Ҳисоботҳо — ҳисоботҳо оид ба меъёрҳои гуногуни боргузорӣ тавассути система;
    • Истифодабарандагон — рӯйхати ҳамаи истифодабарандагони ба қайд гирифташуда;
    • Маълумотномаҳо — ба таври динамикӣ илова, таҳрир ва ё нест кардани маълумотномаҳо, ки дар система истифода мешаванд;
    • Китобхонаи электронӣ — маводҳо барои истифода ва истинодҳои муфид ба манбаъҳо;
    • Чат — қобилияти равон кардани паёмҳо ба ментор ва маъмури система аз тарафи муаллимон, ҳам беном (аноним) ва ҳам бо ном;
    • Шакли мушоҳида – шаклҳои гуногуни баҳодиҳии фаъолияти омӯзгор аз ҷониби ментор;
    • Сабти амал — сабт ва баровардани ҳама амалҳои истифодабаранда;
    • Нақшҳо ва ҳуқуқҳо — қобилияти эҷод кардани нақшҳои махсус бо ҳуқуқи дастрасӣ;
    • Назорати давомот — сабти ташрифи иштирокчиёни тренинг ё дарсҳо;
    • Ҳисоботи назоратӣ — коркарди муфассали ҳисоботи назоратӣ;- Омори назоратӣ — баровардани маълумотҳо дар бораи назорати давомоти тренингҳо ба таври графикӣ;
    about us image about us image about us image

    Мехоҳед лоиҳаи худро амалӣ кунед?

    Дигар лоиҳаҳо