Геопортал барои инфрасохтори миллии маълумотҳои фазоии ҶТ | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане
  • Геопортал

  • Геопортал барои инфрасохтори миллии маълумотҳои фазоии ҶТ

    Тавсиф

    Бо дастгирии ташкилоти байналмилалии GIZ геопортали маълумотҳои фазоӣ таҳия карда шуд. Ин геопортал ҷузъи ҷудонашавандаи «Инфрасохтори миллии маълумотҳои фазоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Портали геомаълумотӣ маҷмӯи нармафзор ва сахтафзор, хадамоти шабакавӣ ва хадамоти геомаълумотие мебошад, ки барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил, феҳристсозӣ ва нашри маълумоти геофазоӣ пешбинӣ шудааст.

    «Ин лоиҳаро мо бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардем. Лоиҳа ба муассисаҳои миллӣ ва соҳибони геомаълумот дар зеркашӣ, интишор, табодули геомаълумоти векторӣ ва растерӣ кумак мекунад.»

    Ҳадафҳо:

    • Баланд бардоштани самаранокии истифодаи маълумотҳои фазоӣ ва технологияҳои иттилоотии ҷуғрофӣ дар системаҳои дастгирии қарорҳои идоракунӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва илмӣ
    • Барҳам додани такрори кор ва хароҷот барои ба вуҷуд овардани маълумотҳои фазоӣ дар ҳамаи сатҳи идоракуни
    • Интегратсияи маълумоти фазоӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои гуногун дар асоси ягонаи геодезӣ ва картографӣ тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои ягона эҷод карда мешаванд
    • Таъмини кушодии маълумоти фазоӣ ва метамаълумотҳо дар шабакаҳои Интернетӣ, ки аз тарафи бахши оммавӣ ва ташкилотҳо ба вуҷуд оварда мешаванд
    • Ба мо имконият медиҳад, ки низоми қонеъ гардонии талаботи ҷомеъа бо ҳама навъҳои иттилооти картографӣ такмил дода шавад ва самаранокии истифодаи маълумотҳои фазоӣ ва технологияҳои иттилоотии ҷуғрофӣ зиёд карда шавад.

    Нақшҳои асосӣ:

    Геопортал се намуди истифодабарандагонро дар бар мегирад:

    1. Администратор
    • Ворид кардани маълумот
    • Нашр
    • Бақайдгирии истифодабарандагон
    • Назорати тамоми геопортал
    1. Муҳаррир
    • Илова кардани маълумот
    • Дархостҳо барои нашр
    • Таҳрири маълумотҳои худ
    1. Истифодабаранда
    • Дидани мундариҷаи геопортал, ки барои дидан иҷозат дода шудааст

    Дар лоиҳа автоматӣ карда шуд:

    • Боркунии геомаълумотҳо
    • Ворид кардани метамаълумот ва интишори геомаълумот
    • Танзими дастрасӣ ва навъи геомаълумот
    • Пайваст кардани манбаъҳои геомаълумоти беруна
    • Ворид кардани маводи тайёр ва пайваст кардани онҳо ба категорияҳои маълумот
    • Боркунии маълумот аз анбори лабораторияи ПИИ "Фазо"
    • Ба таври динамикӣ илова кардани маълумотномаҳо
    • Ворид кардани ташкилотҳо
    • Сохтани муҳаррирон ва маъмурони созмон
    • Назорати геопортал
    • Огоҳӣ оид ба интишори маълумот
    • Воридкунии динамикии маводи иловагӣ
    • Ҷустуҷӯи геомаълумот ва маводи тайёр
    • Назорати геопортал
    about us image about us image about us image about us image

    Мехоҳед лоиҳаи худро амалӣ кунед?

    Дигар лоиҳаҳо