Таҳияи барномаи таълимии бозии кӯдаконаи "Китобдуст" | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане
  • Таҳияи барномаи таълимии бозии кӯдаконаи "Китобдуст"

  • Таҳияи барномаи таълимии бозии кӯдаконаи "Китобдуст"

    Ширкати "Ребус" замимаи бозии кудаконаи омӯзиширо дар асоси забони барномасозии Unity таҳия кардааст. Лоиҳа аз ҷониби СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ USAID ва Лоиҳаи Chemonics Learn to gather маблағгузорӣ шудааст. Замимаи мобилӣ "Китобдуст" ном дорад ва аввалин замимаи мобилӣ бо забони тоҷикӣ дар мавзӯи бозии таълимӣ мебошад. Дар замима китобҳо ва бозиҳои омӯзишии марбут ба ин китобҳо мавҷуданд. Китобҳо ва тасвирҳо аз ҷониби мутахассисон махсус барои ин замима таҳия шудаанд. Ин замима барои кӯдакони синни томактабӣ ва мактабӣ (синфҳои 1-4) пешбинӣ шудааст, ки ба кӯдакон кӯмак мекунад, ки алифборо омӯзанд, хонданро оғоз кунанд, малакаҳои грамматикиро инкишоф диҳанд ва калимаҳоро дуруст талаффуз кунанд. Ин замима инчунин китобҳои аудиоиро дар бар мегирад, ки барои корбарии кудакон барои бозӣ аст ва ба кӯдакон дуруст хонданро таълим медиҳад. Замимаи "Китобдӯст" саводнокии кӯдаконро баланд мебардорад. Инчунин, дар якҷоягӣ бо замима веб-портали ба он монанд таҳия шудааст, ки дар он корбарон метавонанд ҳамон хусусиятҳо ва бозиҳои замимаро дар браузер истифода баранд. Ҳадафи замима баланд бардоштани таваҷҷӯҳ ба омӯзиш ба кӯдакон тавассути ҷалб ба бозиҳои омӯзишӣ ва баланд бардоштани саводнокии онҳо мебошад.

    Дар замима автоматӣ карда шудаст: Платформаи маъмури динамикӣ. Бақайдгирӣ ва шиносоии корбарон дар замима Илова кардани сохтани китобҳо дар веб-панели адми - нистратор. Илова кардани маълумот дар бораи китобҳо ба веб-панели администратор. Илова кардани маъмурони иловагӣ. Ҷамъоварии омор аз рӯи ҷинс ва синну соли корбарон. Мониторинги корбарон дар веб-панели администратор. Омӯзиши китобҳо ва навохтани китобҳои аудиоӣ. Гузаронидани бозиҳои интерактивӣ ва таълимӣ Нигоҳ доштани натиҷаҳои корбар дар рейтинг Замимаи таълимии таҳияшуда омӯзиши китобҳоро барои кӯдакони синфҳои 1-4 осон мекунад.

    about us image about us image about us image about us image about us image

    Мехоҳед лоиҳаи худро амалӣ кунед?

    Дигар лоиҳаҳо