Барномаи мобилии кӯдаконаи «Бозиҳои математикӣ» | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане
  • Бозиҳои математикӣ

  • Барномаи мобилии кӯдаконаи «Бозиҳои математикӣ»

    Дар бораи лоиҳа

    Ҳадафи лоиҳа таҳияи барномаи мобилӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани қобилият ва дониши онҳо дар соҳаи математика, тафаккури интиқодӣ, математикаи равонӣ, қобилияти ҳисоб кардан, ҷамъу тарҳу ҷудо кардан, геометрия ва ғайра саҳм мегузорад. Барнома аз бозиҳое иборат аст, ки дар асоси стандартҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд. Мақсади ин барнома баланд бардоштани дониши кӯдакон оид ба мавзӯъҳои асосии математикӣ тавассути бозиҳои интерактивӣ, инчунин мустаҳкамгардонии донишҳои гирифташуда тавассути бозиҳо мебошад.

    Дар лоиҳа амалӣ карда шуд:

    1. Консепсияи бозӣ таҳия карда шуд
    2. Тарҳрезии бозӣ пурра дар Adobe Illustrator таҳия карда шуд
    3. Интихоби барнома — барномаи Unity барои ин лоиҳа интихоб карда шуд
    4. Оптимизатсия ва тарҳрезии барномаи мобилӣ
    5. Таҳияи 17 бозӣ
    6. Ҳама бозиҳо аз рӯи мушкилӣ вобаста ба сатҳи дониш ба 4 синф тақсим мешаванд
    7. Тарҳрезии баннерҳои таблиғотӣ
    8. Наворҳои таблиғотӣ
    9. Тарҳрезии логотипи бозӣ

    Дар таҳияи консепсияи бозӣ якчанд вариантҳои гуногун пешниҳод карда шуда буданд. Ҳангоми таҳлил консепсияи: Математикаи сеҳрнок интихоб карда шуд. Тарҳи бозӣ дар асоси консепсия дар сабки сеҳрнок таҳия шудааст. Мо кӯшиш кардем, ки математика ва ҷодуро дар тарҳрезии бозӣ муттаҳид кунем. Консепсия бо 5 ҷазираи парвозкунанда асос ёфтааст — 5 дараҷае, ки дар онҳо бозиҳо тақсим карда мешаванд. Ҳар як бозӣ 10 сатҳ дорад, бо ҳар як ҷавоби дуруст шумо метавонед +1 хол гиред.

    about us image about us image about us image about us image

    Мехоҳед лоиҳаи худро амалӣ кунед?

    Дигар лоиҳаҳо