Натиҷаҳои соли 2023 | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане

Ахбор

Натиҷаҳои соли 2023

Мо бо дастаи худ низ тасмим гирифтем, ки соли 2023-ро ҷамъбаст кунем ва ба ҳамаи онҳое, ки беист заҳмати беандоза кашиданд, ташаккур мегуем. Ин сол барои мо воқеан самарабахш буд.

📌 Якчанд рӯйдодҳои муҳим, аз он ҷумла:

  • аз бинои кории 100 м2 ба маркази шаҳр кӯчидем, ки ҳоло масоҳати офиси мо 560 м2 аст;
  • шумораи кормандон 3 баробар афзуд;
  • дар 76 тендерҳо иштирок кардем , ки аз онҳо дар 13 тояш ғолибият насибамон гардид 🏆 онҳо (лоиҳаҳое, ба монанди Meteo.tj - World Food Program, Good Neighbors - тренингҳо, Helvetas - Мониторинг, Startup Choikhona-UNDP ва ғайра);
  • 13 лоиҳаро бомуваффақият амалӣ кардем, ки калонтаринҳо инҳоянд: СИРКО, Китобдуст ва Математика бо сармоягузории Chemonics USAID, Meteo.tj бо сармоягузории World Food Program, Портали сертификатсия барои Вазорати нақлиети ҶТ, Системаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ВРИС ҶТ марҳилаи 1-2.

Ташаккури зиед ба ҳама барои кори аълои дастаҷамъона ва барои ҳама ва солҳои минбаъда шумо бо мо ҳастед!

Ба Ҳама соли Нав муборак 🎄✨

Ахборҳои дигар

Ҳамаи ахборҳо