Чорабинии ифтитоҳи маркази маълумот | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане

Ахбор

Чорабинии ифтитоҳи маркази маълумот

22 феврали соли 2024 чорабинии ифтитоҳи Макази додаҳо ва интиқоли системаи Сирко ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби USAID - Chemonics баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҶДММ «Ребус» веб-платформаи таҳияшудаи «СИРКО»-ро барои автоматикунонии раванди такмили ихтисоси омӯзгорони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ муаррифӣ намуд.

Системаи иттилоотии такмили ихтисоси омӯзгорон - СИРКО, системаи рақамӣ мебошад, ки асосан барои ҷамъоварӣ, коркард, таълим ва омода намудани ҳисобот дар бораи вазъи такмили ихтисос, муайян кардани зарурати такмили ихтисоси омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва Бозомузии касбии омӯзгорон.

Дар рафти муаррифӣ намояндагони ҶДММ «Ребус» имкониятҳои системаи СИРКО-ро намоиш дода, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ посух доданд.

Намояндагони Вазорати маориф, USAID ва Chemonics ба имкониятҳои системаи СИРКО баҳои баланд дода, иқтидори баланди онро барои баланд бардоштани самаранокии бозомӯзии омӯзгорон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд.

ҶДММ «Ребус» ба Вазорати маориф, USAID ва Chemonics барои ҳамкории судманд ва баҳои баланди нармафзори таҳияшуда изҳори сипос менамояд.

Ахборҳои дигар

Ҳамаи ахборҳо