Веб-портал ва замимаи мобилӣ барои ширкати "Лимбус" | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане
  • Веб-портал ва замимаи мобилӣ барои ширкати "Лимбус"

  • Веб-портал ва замимаи мобилӣ барои ширкати "Лимбус"

    Дар бораи лоиҳа

    Бо дастгирии молиявии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (ЕБРД), дар доираи ин лоиҳа веб-портал ва замимаи мобилӣ таҳия карда шуд. Систмаи мазкур равандҳои тиҷоратии ширкати "Лимбус"-ро автоматӣ намуд. Автоматикунонии мазкур имкон додааст, ки равандҳои ҳамкории фармоишгар бо мизоҷон, хариди таҷҳизоти тиббӣ ва молҳои ортопедӣ, анборкунонӣ, инвентаризатсия, даромаду хароҷоти хазинавӣ ва назорати фурӯши мол дар мағозаҳои ширкат осонтар карда шаванд. Замимаи мобилӣ дастрасии зуд ба функсияҳои фурӯш, баргардонидани молҳо, инвентаризатсия ва назорати кори фурӯшандагонро таъмин мекунад.

    Қисматҳои автоматикунонида шуда:

    • Бақайдгирии контрагентҳо, мудирони анбор ва фурӯшандагон дар система
    • Ташкили анборҳо ва нуқтаҳои савдо дар система
    • Илова ва ворид намудани молҳо ба анбор
    • Назорати дархостҳои контрагентҳо ва нуқтаҳои савдо
    • Нишон додани бақияи онлайн барои контрагентҳо ва нуқтаҳои савдо
    • Хазинаву назорати пардохтҳои контрагентҳо
    • Назорати даромади нуқтаҳои савдо
    • Фурӯши молҳо бо истифода аз сканери рамзи штрих
    • Баргардонидани мол аз харидор
    • Назорати бақияи молҳо ва огоҳӣ дар бораи анҷоми захираҳо
    • Гузаронидани инвентаризатсия аз рӯи анборҳо ва нуқтаҳои савдо
    • Ҳисоботи фурӯши мол ва қарзи контрагентҳо

    Барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва самаранокии кор, зарур аст, ки бо технологияҳои муосир таъмин карда шавад, ки фаъолияти ширкатро осон намуда, истифодаи онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза ҷолиб гардонад.

    about us image

    Хотите реализовать свой проект?

    Вас также может интересовать