Бо дастгирии молиявии KNCV, вебсайти иттилоотӣ барои Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил таҳия карда шуд. Ин веб сайт дорои системаи CMS мебошад, ки имконияти илова кардани бахшҳои зарурӣ ва таҳрири бахшҳои мавҷудбударо фароҳам меорад. Бахшҳои гуногун, ба монанди Ҳодисаҳо, Маълумот барои беморон, Асоси меъёрии ҳуқуқӣ, Гурӯҳҳои кории мавзӯӣ, Шарикон, Омор, Ҳисоботҳо, Гузоришҳо, Презентатсияҳо, Маркази омӯзишӣ, Суратҳо, Ҷойҳои корӣ, Саволу ҷавобҳо, Тамос ва Китобхонаи электронӣ таҳия шудаанд, ки дар он китобҳо ҳам барои корбарони бақайдгирифташуда дар режими хусусӣ ва ҳам барои корбарони оммавӣ дастрас мебошанд.