Тренинг | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане

Ахбор

Тренинг

29 июн курси «Асосҳои идоракунии лоиҳаҳо» барои роҳбарони лоиҳаҳо расман ба охир расид. Як роҳи душвор тай карда шуд, ки аз тренингҳо, санҷишҳои марҳалавӣ ва семинарҳо иборат буд.

Аз 1-ум то 24-уми июн роҳбарони лоиҳаҳои ширкат назарияро аз худ карданд ва донишашонро дар лоиҳаҳои воқеӣ санҷиданд.

Коллектив ба синни ҷавонй нигоҳ накарда, худро хеле кордон ва натиҷапараст нишон доданд.

Ҳадафи навбатӣ гирифтани сертификатҳои байналмилалӣ аст! Ба иштирокчиён барори кор, осонӣ дар расидан ба ҳадафҳояшон ва лоиҳаҳои нави пурифтихор орзумандем!

Ин тренинг аз ҷониби бизнес-тренер HR&PM Solutions — Ҷамиева Гулнира гузаронида шуд.

Ахборҳои дигар

Ҳамаи ахборҳо