Мулоқот бо намояндагони ГУ оид ба Ҳифзи Сирри Давлатӣ дар назди Ҳукумати ҶТ | ООО «Ребус» - От идеи к разработке: экспертное программное обеспечение, веб-разработка и мобильная разработка в Таджикистане

Ахбор

Мулоқот бо намояндагони ГУ оид ба Ҳифзи Сирри Давлатӣ дар назди Ҳукумати ҶТ

Имрӯз бо намояндагони САРРАЕСАТИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН мулоқоти судманд доир гардид. Дар ҷараени мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аҳамияти таҳкими муносибатҳои дуҷонибаро қайд намуда, омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор намуданд.

Ба масъалаҳои амнияти иттилоотӣ, автоматикунонии равандҳо дар муассисаҳои давлатӣ ва тамоюлҳои рушди IT дар бозори Тоҷикистон диққати махсус дода шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки созишномаҳои бадастомада ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ байни ду ҷониб мусоидат хоҳанд кард.

Ахборҳои дигар

Ҳамаи ахборҳо